Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Продэкспо-2023” ба намоиш гузошта шуданд

Санаи 6 феврал 30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2023», дар шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он ҶДММ “Экофрукт Исфара” ширкат намуда, намудҳои гуногуни хушкмеваҳои ин коргоҳро, ки бастубанд гардида ба содирот нигаронида шудаанд ба намоиш гузошт.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкатҳо аз 35 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Белорусия, Туркия, Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳиндустон, , Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ва дигарон иштирок намуданд. Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноат ва дастгирии БР СММ дар вилояти Суғд инчунин намояндагони корхонаҳои истеҳсоли ҶДММ “Абдулакимов”, ҶДММ “Субҳи ватан”, ҶДММ “Ҳариф” ва ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”, ки ба коркард ва истеҳсолӣ меваҳои хушк, сабзавот, ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, муҳсулоти худро муаррифӣ намуданд, ки ҳадафи он муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори содироти мебошад.
Дар доираи намоишгоҳ аъзоёни Палата бо роҳбарони як қатор ширкатҳо, марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак вохӯриҳо доир намуданд.
30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2023», дар шаҳри Москва санаи 10 феврал анҷом меёбад.




Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан
Свободная экономическая зона Сугд
Программа развития ООН
Германское общество по международному сотрудничеству
Торгово-промышленная палата России
Белорусская торгово-промышленная палата
Торгово-промышленная палата Республики Казахстан
Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан
Могилевское отделение БелТПП