Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии «FARS STONEX-2023»
Санаҳои 22-25 феврал дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии сангҳои ороишӣ, таҷҳизоти сангбурӣ ва мошинҳои марбути ин соҳа «FARS STONEX-2023», доир гардид. Намоишгҳи мазкур бо ташаббуси Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Марказӣ намоишгоҳҳои байналмилалии вилояти Форс доир гардид.
Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Машҳад корхонаҳои истеҳсоли ва соҳибкорони инфиродӣ, аъзоёни Палатаи савдо ва саноат ҶДММ “АгроБиёХим”, ҶДММ “Беҳбудӣ”, ҶДММ “Са-рэй”, ва ҶДММ “Санги Сомон”, ки дар самти коркарди сангҳои ороиши фаъолият мебаранд, бо роҳбарии муовини Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ғайрат Қобилзода дар намоишгоҳ иштирок намуда, бо иштиркчиёни намоишгоҳ вохӯриҳо гузаронида дар форуму сенминарҳо, ки дар доираи намоишгоҳ баргузор гардиданд, иштирок намуданд.
Иштирок дар ин намоишгоҳ ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанд, шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва шартномаҳои ҳамкорӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди сангҳои ороишӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд.