• This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
  • (+992-3422) 6-16-40

 

Рӯйдодҳо

18-19 июн Ярмаркаи

Рӯзҳои 18-19 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи XII

17-19 июн Ярмаркаи

Рӯзҳои 17-19 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи X

Иштироки

Санаҳои 22-25 феврал дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон  9-умин Намоишгоҳи байналмилалии

Имзои созишномаи

Дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижегороди Федератсияи Россия бизнес-форуми доираҳои

Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти соҳибкорони вилоят бо ҳамкорони онҳо аз Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии муколамаро тақвияти ҳамкориҳои саноатӣ ташкил дод, ки дар он ба рушди бахши нассоҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.  Зимни  суханронӣ таъкид дошт, ки роҳбарияти вилоят ба густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Минтақаҳои мо дорои иқтидори бузурги истифоданашуда мебошанд. Мо бояд аз тиҷорати оддӣ ба марҳалаи эҷоди занҷираҳои муштараки истеҳсолӣ гузарем. Вилояти Суғд омода аст, ки ба шарикони қирғизистонӣ на танҳо ашёи хом, балки майдонҳои мусоиди сармоягузориро бо инфрасохтори муосир пешниҳод намояд, иброз дошт Анвар Яъқубӣ.

Раиси Ассотсиатсияи саноати сабуки Қирғизистон Дилорамкан Дуйшобаева зимни баромади худ ба имкониятҳои мутақобилаи ҳарду ҷониб таваҷҷуҳ намуда, чунин қайд кард:

Мо набояд якдигарро ҳамчун рақиб шуморем. Баръакс, имкониятҳои мо якдигарро комилан пурра мекунанд. Вилояти Суғд дорои заминаи бойи ашёи хом, ришта ва матоъҳои босифат мебошад. Қирғизистон бошад, дар моделсозӣ, тарроҳӣ ва пешбурди либосҳои омода дар маркетплейсҳои байналмилалӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Бо муттаҳид кардани ин захираҳо, мо метавонем бренди пуриқтидорро эҷод кунем».

Қисмати самарабахши форум баргузории мулоқотҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ дар формати B2B гардид. Соҳибкорон имкон пайдо карданд, ки бо шарикони эҳтимолӣ музокироти рӯ ба рӯ анҷом дода, масъалаҳои воридоту содиротро баррасӣ намоянд.

Дар анҷоми мулоқот таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиён ба роҳандозии робитаҳои дарозмуддати шарикӣ мушоҳида гардид. Намояндагони бахши хусусӣ омодагии худро барои омӯзиши бозорҳои ҳамдигар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор доштанд.

Қисмати амалии чорабинӣ боздиди меҳмонон аз корхонаҳои бузурги нассоҷии вилоят, аз ҷумла ҶДММ КМ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Лидер» ва дигар корхонаҳо буд. Ҳайати меҳмонон ва коршиносон сатҳи технологии саноати вилояти Суғдро баланд арзёбӣ намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои оянда заминаи мусоид дарёфт карданд.

 

 

ВИДЕО

Видео

02.03.2023

300 адад аъзои палата

 
Ба Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  300 адад корхонаву ташкилот аъзо мебошанд, ки дар ҳамаи ярмаркаю конфронсҳои тиҷоратии дохили ва хоричи иштироки фаъолона доранд

Бастани 200 шартнома

 
Соли 2022 аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд зиёда аз 200 шартномаи тиҷоративу ҳамкорӣ бастаанд, ки барои иқтисодиёти кишвар саҳми беандоза дорад

600 хизматрасонӣ

 

Дар соли 2022 ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон дар вилояти Суғд 600 хизматрасониҳои ҳуқуқиву тиҷоратӣ расонида шуд

         
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан Свободная экономическая зона Сугд Программа развития ООН Германское общество по международному сотрудничеству
         
Торгово-промышленная палата России  Белорусская торгово-промышленная палата  Торгово-промышленная палата Республики Казахстан  Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан  Могилевское отделение БелТПП