
8 майи соли 2024 дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд маросими гулгузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.
Кормандони Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо роҳбарии омири кулл Аҳмадзода Ҷумабой дар ин маросим иштирок намуданд.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.